Суҳбати Ғанӣ дар бораи охирин соатҳои ҳукмронӣ, фирор ва интиқоли пул аз Афғонистон

Раисҷумҳури собиқи Афғонистон пас аз моҳҳо хомӯшӣ баъди суқути Кобул ба дасти толибон фирораш аз ин кишварро шарҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Нахустин изҳороти ошкори Ашраф Ғанӣ дар мавриди охирин соатҳои ҳукуматдорӣ ва тарки Кобул карданаш дар гуфтугӯ бо генерал Ник Картер, раиси Ситоди муштараки артиши Бритониё аз радиои ВВС пахш шуд.
Ғанӣ дар ин мусоҳибааш гуфт, сабаби асосии рафтанаш пешгирии харобии Кобул буд, зеро аз ду самт толибон ин шаҳрро иҳота карда буданд ва эҳтимоли бархӯрди шадиди харобиовар вуҷуд дошт.

"Эҳтимолияти муноқишаи шадид байни онҳо хеле баланд буд ва шаҳри 5-миллионнафара дар хатари харобшавӣ қарор дошт. Субҳи он рӯз ба сарам намеомад, ки нисфирӯзӣ аз кишвар берун меравам. Ба мо хабар доданд, гурӯҳи Ҳаққонӣ ваъда додааст, ки вориди Кобул нахоҳанд шуд. Аммо баъди ду соат ин тавр нашуд", - афзуд ӯ.

Ғанӣ мегӯяд, аз ӯ хоҳиш карданд, ки ба ҳамкасбон, аз ҷумла мушовири Шӯрои амнияти миллӣ иҷоза диҳад, ки кишварро тарк кунанд ва онҳо яку ним соат пеш аз рафтани ман рафтанд.
"Ман мунтазир будам. Бисмиллоҳхон (он вақт вазири дифоъ) ба ман занг зада гуфт, ки ҳама чиз аз байн меравад. Ин замоне буд, ки ман мехостам ба Вазорати дифоъ равам.Тақрибан 25 дақиқа интизор шудам, вале мошинҳо наомаданд. Пас аз он доктор Муҳиб (Ҳамдуллоҳ Муҳиб), мушовири Шӯрои амнияти миллӣ ва сипас раҳбари воҳиди муҳофизати президент ворид шуд ва гуфт, ки бахши муҳофизати президент пароканда шудаасту агар ман барои мондан пофишорӣ кунам, ҳамаи онҳо кушта хоҳанд шуд", - гуфтааст Ғанӣ.
Раисҷумҳури собиқ гуфт, дигар онҳо дар мавқеияте набуданд, ки аз ӯ муҳофизат кунанд ва барояш беш аз ду дақиқа вақт накашид, ки фармон дод, борҳоро ҷамъ карда ба Хуст ҳаракат кунанд, аммо ба ӯ гуфтаанд, ки ҳам Хуст ва ҳам Ҷалолобод суқут карда ва дигар намедонист, ки ба куҷо мераванд.
Ашраф Ғанӣ дар феҳрасти "Фосидтарин фарди сол" қарор гирифт
"Танҳо вақте ки ба чархбол савор шудем, маълум шуд, ки аз кишвар берун мешавем, воқеан як ҳодисаи ногаҳонӣ буд. Албатта, ин душвортарин чизи имконпазир буд. Ин аст, ки сад рӯзи ахир танҳо будам, дар бораи ҳодисаҳои дар гузашта рӯйдода навиштаву андеша мекардам. Вазъият аз ин душвортар шуда наметавонист",- афзуд Ғанӣ.
Раҳбари фирории Афғонистон гуфт, маҷбур буд, ки худро қурбон кунад, то Кобулро наҷот диҳад ва бо вазъиятҳои воқеӣ рӯ ба рӯ шавад.
Ғанӣ дар мавриди қазияи рабудани пулҳои буҷа, ки ба он муттаҳам мешавад, гуфтааст: "Ман таъкид мекунам, ки аз кишвар ҳеҷ пуле хориҷ накардаам. Болгардҳо ва макони аввалини мо дар пеши назари умум намоён буданд".
Ӯ гуфтааст, барои таҳқиқи ин иттиҳомот омодааст, аз ҳар гуна таҷҳизоти дурӯғсанҷ гузарад.

"На танҳо аз пажуҳишҳои ҷаниби ИМА дар ин бора истиқбол мекунам, балки мехоҳам таҳқиқоти бештаре анҷом шавад. Баъди ба миён омадани ин айбномаҳо ман таклиф кардам, ки тафтиш аз тарафи СММ ва ё ниҳоди дигар гузаронда шавад",- гуфтааст Ғанӣ.

Ин роҳбари фирории Афғонистон мегӯяд, ӯро қурбонӣ карданд, ки ба бесарусомонӣ ва буҳрон дар Афғонистон айбдораш намоянд. Вай гуфт, шарикони байналмилалияш пайваста бар ӯ фишор оварда, салоҳияти ӯро маҳдуд мекарданд.
Раисҷумҳури собиқ яке аз сабабҳои ҳаводиси моҳи августро созишномаи нобарори Доҳа ва озодсозии 5000 толиби зиндонӣ гуфт.
Аммо мунтақидони Ғанӣ мегӯяд, муомила ва қавмгароии раисҷумҳур яке аз омилҳои суқути ҳукумати Кобул буд.