ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амниятӣ ба Ашраф Ғанӣ гуфтааст, ки қитъаи вижаи муҳофизатӣ аз расҷумҳур аз ҳам пошида ва агар муқовимат шавад, тамоми онҳо кушта мешаванд.
Ашраф Ғанӣ, охирин раисҷумҳури Афғонистон пеш аз суқути Кобул ба дасти толибон гуфтааст, танҳо дақоиқи пас аз он тасмим ба тарки кишвар гирифт, ки муҳофизонаш гуфтанд, дигар имкони ҳифозат аз ӯ ё пойтахтро надоранд, зеро толибон ба тааҳҳуди худ дар худдорӣ аз вуруд ба Кобул амал накарданд.
Ҷангҷӯёни толиб бо эъломи хуруҷи фаврӣ ва комили нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон бидуни муқовимати зиёди нерӯҳои ҳукуматӣ бо суръат ба сӯйи Кобул ҳаракат карданд.
Нахустин назари оқои Ғанӣ дар мавриди фирори ӯ аз Кобул дар гуфтугӯ бо генерал Ник Картер, раиси Ситоди муштараки артиши Бритониё матраҳ ва аз тариқи радиои ВВС расонаӣ шуд.
Ашраф Ғанӣ, ки пас аз тарки Афғонистон кардан ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рафтааст, гуфт, ӯ дарк мекунад, ки мардуми Афғонистон вайро барои суқути сареи кишварашон ба дасти толибон сарзаниш мекунанд, аммо афзуд, далели аслии ин воқеа эътимоди ӯ ба “шуракои байналмилалӣ”, аз ҷумла ИМА будааст.
Пас аз суқути Кобул раисҷумҳури Амрико артиши Афғонистонро муттаҳам кард, ки бо вуҷуди дарёфти таҷҳизоти пешрафта бо толибон муқовимат накард.