ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Яке аз сарватмандтарин ва бонуфузтарин соҳибкорони ҷаҳон, сарватманди ӯзбектабори Русия Алишер Усмонов мехоҳад бошгоҳи футболи "Козентса" -и итолиёиро харидорӣ кунад, хабар медиҳад "Area Napoli".
Аммо тибқи маълумоти манбаъ, президенти "Козентса" Эуҷенио Гуарашио нияти фурӯши бошгоҳро надорад.
Сарфи назар аз вазъи вазнини молии бошгоҳи итолиёӣ чанд пешниҳоди Усмонов дар бораи харидани бошгоҳ рад шуд.
Зикр гардид, ки охирин бор Усмонов барои харид кардани ин бошгоҳ 12 миллион евро пешниҳод карда буд.
Ёдовар мешавем, моҳи майи соли ҷорӣ Усмонов дар радабандии нави "Rich List -15" аз миёни сарватмандони Русия мақоми шашумро гирифт.
Сарвати ӯро 13, 406 миллиард фунт стерлинг ҳисоб карданд.