ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Ӯзбекистон хабарҳо дар мавриди қатъи интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистонро рад намуд, хабар медиҳад РИА "Новости".
Гуфта мешавад, мушкилоти дастарсӣ ба нерӯи барқ дар худи Афғонистон ба вуҷуд омадааст.
Намояндаи Вазорати энержии Ӯзбакистон ба РИА "Новости" гуфтааст, "мо таъминотро идома медиҳем. Ин мушкил дар қаламрави Афғонистон аст, мо сабабҳои ин ҳодисаро намедонем."
Қаблан ширкати энергетикии "Da Afghanistan Breshna Sherkat" (DABS) хабар дода буд, ки ба далели мушкилоти фаннӣ дар қаламрави Ӯзбекистон содироти нерӯи барқ ба Афғонистон ду баробар коҳиш ёфтааст ва ба ин далел Кобулу 15 вилояти Афғонистон эҳтимол бо қатъи нерӯи барқ рӯ ба рӯ шаванд.
Дар навбати худ "Wall Street Journal" бо истинод ба раҳбари собиқи DABS Довуд Нурзой навишт, ки интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон дар фасли зимистон масдуд мешавад, зеро толибон қарзи истифодаи барқро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ пардохт накардаанд.
Ин расона менависад, нисфи нерӯи барқ ба Афғонистон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Туркманистону Эрон ворид мешавад.
Ёдовар мешавем, ширкатҳои "Барқи тоҷик" ва "Брешно" қарордоди интиқоли нерӯи барқро тасвиб намуданд. Мувофиқи ин қарордоди иловагӣ, соли 2022 ширкати "Барқи тоҷик" ба "Брешно" аз моҳи май то сентябр, ҳар шабонарӯз то 400 МВТ барқ интиқол хоҳад дод.
Гуфта мешавад, миқдори барқе, ки дар фасли тирамоҳу зимистон ба ширкати "Брешно" интиқол меёбад, 25-30 МВТ-ро ташкил дода, аслан барои ҳифзи таҷҳизоти энергетикист ва ин миқдор барқ ба тавозуни умумии таъминоти барқи кишвар таъсире надорад.
Як шарти муҳими ин қарордоди иловагӣ дар муҳлатҳои таъйиншуда пардохт намудани қарз аз тарафи ширкати "Брешно" буда ва ин аллакай амалӣ гашта истодааст.
"Барқи Тоҷик" гуфт, имзои қарордоди иловагӣ фақат ҷанбаи иқтисодӣ дорад.