Толибон аз Русия кумаки бештар мехоҳанд

Толибон интизор доранд, ки Русия кумаки башардӯстона ба Афғонистонро идома медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Толибон интизор доранд, ки Русия кумаки башардӯстона ба Афғонистонро пас аз буҳрони иқтисодӣ дар кишвари таҳти идораи онҳо идома хоҳад дод, гуфт Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ин ҷунбиш дар мусоҳиба бо РИА "Новости".
"Маскав борҳо ба Афғонистон кумаки башардӯстона фиристод, мо аз он миннатдорем ва ҳоло ҳам ниёз дорем, ки мардуми Афғонистон танҳо намонанд, мардуми Афғонистон ба кумак ниёз доранд, зеро онҳо нав аз ҷанг баромадаанд, мардуми мо бо мушкилоти иқтисодӣ рӯ ба рӯ мешавад. Ҳоло мо интизори идомаи кумак ва ҳамкориҳои Маскав дар ин хусус ҳастем", - гуфтааст Муҷоҳид.
Пештар Дмитрий Жирнов, сафири Русия дар Кобул гуфта буд, аз моҳи ноябр ба ин сӯ беш аз 100 тонна кумаки башардӯстона, аз ҷумла доруворӣ тавассути ҳавопаймоҳои низомии нақлиётии Русия ба Афғонистон интиқол ёфта, як бахши дигар рӯзи 18-уми декабр вориди пойтахти ин кишвар шудааст.
Станакзай: Дар дунё ду абарқудрат вуҷуд дорад - аввал Амрико, дувум толибон
Авоили моҳи август толибон ҳамлаи худро алайҳи нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш дода, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар хотимаи ҷанг дар ин кишварро эълом карданд.
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Ағбар: Толибон барои аъзои “Ал-қоида”* ва ДИИШ* шиносномаи Афғонистон содир мекунанд
Аввали моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққати Афғонистон бо раҳбарии Муҳаммад Ҳасан Охунд эълон шуд, ки дар замони ҳукмронии нахустини ин ҷунбиш вазири умури хориҷӣ буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.