ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Тоҷикистон аз аввали соли равон ба маблағи беш аз 3,7 миллиард доллар мол ворид намудааст, хабар дод "Авесто" бо такя ба Вазорати рушди иқтисоду савдои кишвар.
Ба сегонаи молҳои асосии воридотӣ маҳсулоти нафтӣ, орд ва гандум ворид мешаванд. Маҳз ин маҳсулот беш аз 16 дарсади маблағи умумии воридотро дар 11 моҳ ташкил додаанд.
Аз ҷумла зикр шудааст, ки тайи ин муддат 554 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба кишвар ворид гардид. Маблағи он 2,4 фоиз афзоиш ёфта, муодили беш аз 360,4 миллион доллар шудааст.
Инчунин тайи моҳҳои январ-ноябр ба Тоҷикистон 907,6 ҳазор тонна ғалла ба маблағи 231 миллион доллар ворид шудааст. Афзоиш ба 3,8 дарсад баробар гардид.
Тайи ин муддат Тоҷикистон аз хориҷ 54,5 ҳазор тонна орд ба маблағи 15,4 миллион доллар дарёфт кардааст.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон чоргонаи шарикони асосии тиҷории кишварро муайян намуданд, ки ҳаҷми додугирифт бо онҳо ҳадди 3,5 миллиард долларро убур намудааст.
Ҳаҷми савдо бо Русия 1,13 миллиард, бо Қазоқистон 1,04 миллиард, бо Чин 769,9 миллиард ва бо Швейтсария 726,4 миллион долларро ташкил додааст.