Толибон: "Ҷабҳаи муқовимат дигар нест, мардуми Афғонистон онро рад кард"

Сухангӯи толибон мегӯяд, он гурӯҳи мардуми Афғонистон, ки дастгири ҳукумати навин ҳастанд, Ҷабҳаи муқовимати миллиро рад кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Ташкилоти террористии "Давлати исломӣ"* ва нерӯҳои Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ ба далели ҳузур надоштанашон дар ин кишвар наметавонанд ба мақомоти Афғонистон таҳдид кунанд, гуфт Забиуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи толибон дар мусоҳиба бо РИА Новости.
"ДОИШ* ва Ҷабҳаи Муқовимат дар кишвар танҳо дар рӯи коғаз ва дар расонаҳо ҳастанд, аз ҷиҳати ҷисмонӣ дар кишвар нестанд", - гуфт намояндаи ҷунбиш дар посух ба ин суол, ки ин созмонҳо барои толибон чӣ хатар эҷод карда метавонанд.
Ба гуфти Муҷоҳид, ҷангиёни ДОИШ* ва нерӯҳои Ҷабҳа таҳти сарварии Аҳмад Масъуди хурдӣ "аз ҷониби мардуми Афғонистон, ки сохтори мавҷудаи қудратро дастгирӣ мекунанд, рад карда шуданд".
Толибон аз Русия кумаки бештар мехоҳанд
Авоили моҳи август толибон ҳамлаи худро алайҳи нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш дода, рӯзи 15 август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар аз хотимаи ҷанг эълом карданд.
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Ағбар: Толибон барои аъзои “Ал-қоида”* ва ДИИШ* шиносномаи Афғонистон содир мекунанд
Аввали моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққати Афғонистон бо раҳбарии Муҳаммад Ҳасан Охунд эълон шуд, ки дар замони ҳукмронии нахустини ин ҷунбиш вазири умури хориҷа буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
* Ташкилоти террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия