ДУШАНБЕ, 29 дек – Sputnik. Раиси Хатлон аз фаъолшавии "хоинон"-у ифротиён дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода, ҷавононро а ҳушёрӣ даъват намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Хатлон, Ҳакимзода дар хитоб ба ҷавонон таъкид намуд, ки "хоинон"-у ифротгароён ба ҷомеа бо ҳар роҳ зиён расонида, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷалбсозию мағзшӯии ҷавонон машғул гардида, аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳ ва сустирода сафи худро афзуданӣ мешаванд.Ӯ гуфт, ҷавонон бояд ҳушёрию зиракиро аз даст надода, ба чунин кӯшишҳои мағзшӯӣ муқовимати устувор нишон диҳанд.
"Бинобар ин мо бояд бениҳоят ҳушёр ва эҳтиёткор бошем, ба насли ҷавону наврас тарзи ҳаёти солим, бидуни ҳар гуна ваҳшониятро тарғибу ташвиқ созем. Таълиму тарбияро тавре ба роҳ монем, ки ҷавонон барои бекориву зоеъ рафтани вақт фурсат наёбанд", - муҳим хонд раиси Хатлон.
Вай афзуд, ки бо ҷалби аҳолӣ, махсусан ҷавонон ба китобхонӣ, метавон ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузошту ба ҷойи муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монд.
Ҳакимзода ҷавонони Хатлонро даъват намуд, ки аз илмҳои муосир баҳравар гардида, бо омӯхтани на кам аз ду забони хориҷӣ мутахассисони хуб шаванд.
"Мо ифтихор дорем, ки ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз манфиати шахсию гурӯҳӣ боло медонанд", - изҳор дошт раис.
Таъкид шудааст, ки баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардум, тақвияти ҳисси миллӣ, донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ аз ҳадафҳои дигари давлат мебошанд.