ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Парлумони Тоҷикистон 20 апрелро дар кишвар ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти адлия ва 26 июлро Рӯзи кормандони мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ тасвиб кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ин тағйирот ба Қонун "Дар бораи рӯзҳои ид" ворид шуданд.
Таъкид шудааст, ки тағйироти мазкур аз ҷониби ҳукумати кишвар пешниҳод гардиданд ва вакилони мардумӣ онҳоро пазируфтанд.
Солҳои охир дар Тоҷикистон бо қабули тағйирот ба Қонун дар бораи рӯзҳои ид намояндагони тақрибан ҳамаи бахшҳо соҳиби иди касбии худ шуда, бархе аз ҷашнҳои аҷдодӣ низ, аз қабили Меҳргону Сада эҳё гардидаанд.
Дар баробари идҳо, ки бидуни истироҳат таҷлил мегарданд, тоҷикистониён дар рӯзҳои таҷлил аз Соли Нави мелодӣ, Наврӯз, Иди модарон, Рӯзи ғалаба, Ваҳдати миллӣ, Истиқлол, Рӯзи Конститутсия ва идҳои Рамазону Қурбон истироҳат мекунанд.