ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Амонзода Ширин Шодӣ аз маҷмаи нассоҷии ҶСП "Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил" дар ноҳияи Данғара боздид намуд.
Дафтари матбуотии Вазорати меҳнат хабар медиҳад, ки мақсади сафари Амонзода ба ин коргоҳ ҷалби мутахассисон барои фаъолият дар маҷмаи мазкур мебошад.
Гуфта мешавад, зимни боздид аз ширкати мазкур маълум гардид, ки дар корхона ҷойҳои кории зиёде дар соҳаи нассоҷӣ таъсис ва кормандони маҳаллӣ баъд аз омӯзиш ба кор ҷалб шудаанд.
Дар ширкат кормандон бо технологияҳои муосир фаъолият карда, бо шароити зарурии корӣ таъмин мебошанд.
"Музди меҳнати кормандон аз 1300 то 2300 сомониро ташкил медиҳад. Кормандоне, ки аз ноҳияҳои дурдаст ба кор ҷалб мешаванд, бо ҷойи хобу хӯроки гарм таъмин мегарданд", - омадааст дар хабар.
Зикр гардид, ки алъон қисми зиёди кормандонро занон ташкил медиҳанд.
Манбаъ таъкид намуд, ки бо назардошти васеъ гардонидани раванди истеҳсолӣ дар корхонаи мазкур он ба мутахассисон, дӯзанда, бофанда, бурранда, дарзмолкунанда ва ғайра ба теъдоди 497 нафар эҳтиёҷ дорад.
Аз ин рӯ тасмим гирифта шуд, дар ҷиҳати ҷалби кормандон ба маҷмаи мазкур барои занони хоҳишманд аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат машғулиятҳои амалии таълимӣ, курсҳои омӯзишӣ ташкил шаваду нафароне, ки дар ин давраҳои омӯзишӣ ширкат менамоянд, бо кор дар ин коргоҳҳо таъмин шаванд.