Мишустин гуфт, барои табибоне, ки бо коронавирус сарукор доранд, чанд пул ҷудо мешавад

Ҳаҷми маблағе, ки дар нимаи аввали соли оянда барои пардохти иловапулӣ ба табибон ҷудо мешавад, муайян гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Ҳукумати Русия нимсолаи аввали соли оянда беш аз 128,5 миллиард рублро барои табибоне ҷудо мекунад, ки бо коронавирус мубориза мебаранд.
Дар ин бора Михаил Мишустин, сарвазири Русия зимни ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангии мубориза бо коронавирус хабар дод.
"Барои кор дар рӯзҳои таътили солинавӣ бо қарори президент кормандони тиббӣ ва иҷтимоӣ ду баробар зиёд пул мегиранд", - хабар дод РИА "Новости" аз қавли сарвазири Русия.
Дустури Путин барои идомаи пардохти иловапулӣ дар соли 2022 ба табибон
Ба гуфтаи Мишустин, маблағҳоро табибону кормандони сатҳи миёнаю хурду тиб, ронандаҳои мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва инчунин кормандони корхонаҳои иҷтимоии статсионарӣ дастрас хоҳанд кард.
Ахиран сарвазир изҳор дошта буд, ба кумаки гирифторони коронавирус дар Русия ҳудуди 300 ҳазор табиб машғул буда, мақомот талош доранд, ки онҳоро дастгирӣ намоянд. Тайи се моҳи охир ҳукумат барои пардохтҳои иҷтимоӣ ба кормандони тиб беш аз 50 миллиард рублро ихтисос дод.
Қаблан раисҷумҳури Русия Владимир Путин дастур дода буд, ки пардохти иловапулиҳо ба кормандони бахши тиббию иҷтимоӣ барои кор бо гирифторони коронавирус идома ёбад.