ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Мақомоти Хатлон ахиран иттилоъ додааст, ки дар ёздаҳ моҳи соли равон музди миёнаи меҳнат дар вилоят 1148,65 сомониро ташкил намудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин даври соли қаблӣ 110,5 фоизро ташкил дода, ба андозаи 120,21 сомонӣ зиёд мебошад.
Манбаъ қайд кардааст, ки нишондиҳандаи нисбатан баланди музди меҳнат дар шаҳру ноҳияҳои Норак 1957,43 сомонӣ, Данғара 1670,72 сомонӣ, Ховалинг 1473,02 сомонӣ, Бохтар 1457,45 сомонӣ, Ёвон 1413,58 сомонӣ ва Темурмалик 1142,64 сомонӣ ба ҳисоб гирифта шудааст.
Дар ҳамин ҳол мақомоти вилояти Хатлон илова кардаанд, омили асосии таъсиррасон ба сатҳи музди маош дар ин шаҳру ноҳияҳо рушди босуръати соҳаҳои хидматрасонӣ ва саноат маҳсуб меёбад.
Ёдрас мекунем, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни ироаи паёми солонаи худ ба парлумон эълон кард, аз моҳи июли соли 2022 маош, нафақа ва стипендия афзоиш хоҳад ёфт.
Ҳамин тавр, ба гуфтаи президент, аз тобистони соли 2022 маоши кормандони буҷавӣ то 20 дарсад зиёд мешавад.
"Аз 1 июли соли 2022 музди меҳнати ҳамаи кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва давлатӣ, маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ, инчунин стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз зиёд мешавад", - гуфт кишвардор.
Раисҷумҳур ҳамчунин пешниҳод кард, ки аз якуми январ маоши кормандони низомӣ 25 дарсад ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ 20 дарсад зиёд шавад.
Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки ҳадди ақали музди меҳнат то 50% афзоиш дода шавад, ки дар чунин ҳол он ба 600 сомонӣ баробар хоҳад шуд.
Ба гуфтаи кишвардор, аз якуми июли соли 2022 нафақаи ҷорӣ барои кӯдакони ятим низ 25 фоиз зиёд мешавад.