ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Агар ИМА барои маҳдуд кардани воридоти смартфонҳо ва қисмҳои эҳтиётии худраву ҳавопаймоҳо иқдом намояд, ҳанӯз маълум нест, ки талафоти кӣ бештар хоҳад буд. Дар ин бора Дмитрий Биричевский, сардори идораи ҳамкориҳои иқтисодии Вазорати умури хориҷии Русия ба РИА "Новости" иттилоъ додааст.
Қаблан расонаҳо аз қавли манобее дар ҳукумати раисҷумҳур Ҷо Байден хабар дода буданд, ки ин кишвар эҳтимоли маҳдуд кардани воридоти смартфону қисмҳои эҳтиётиро дар сурати ташаннуҷи вазъ дар Украина баррасӣ мекунанд. Таъкид мешуд, ки ин масъала аз мавзуҳои меҳварии мулоқоти мақомдорони баландпояи ИМА ба шумор меравад. Зимнан чораҳои имконпазир алайҳи Русия бесобиқа хоҳанд буд.
Биричевский хабарҳои расонаҳои амрикоӣ дар мавриди маҳдудсозии воридоти маҳсулоти зикршударо идомаи иқдоми зӯргӯёнаю таҳдид аз ҷониби Вашингтон хонд.
"Маълум нест, ки талафоти кӣ зиёдтар хоҳад буд: аз истеъмолкунандагону истеҳсолгарони Русия ва ё содиркунандагони амрикоӣ, ки ҳузурашон дар бозори мо аз ҷониби мақомоти худашон маҳдуд мешавад", - изҳор дошт дипломат.
Ӯ бо таассуф афзуд, ки сиёсатмадорон беш аз пеш манфиатҳои соҳибкоронро сарфи назар карда истодаанд.
Дипломати рус таъкид намуд, ки чунин иқдом ба меъёрҳои Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат мухолиф буда, заминаҳои низоми байналмилалии савдоро заиф месозад.