Ашраф Ғанӣ дар феҳрасти "Фосидтарин фарди сол" қарор гирифт

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон фасодзадатарин фарди сол эълон шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Президенти фирории Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай дар феҳрасти "Фосидтарин фарди соли 2021" мақоми аввалро гирифтааст.
Дар ин бора Маркази пажуҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP), ки ба таҳқиқи ҷиноятҳои муташаккил ва коррупсия муртабит аст, дар гузорише иттилоъ додааст.
Ин пажуҳишро як гурӯҳи шашнафараи рӯзноманигорон ва муҳаққиқон анҷом додаанд.
Муҳофизи собиқи раисҷумҳур гуфт, сабти фирори Ғанӣ бо миллионҳо долларро дорад
Дар баробари Ғанӣ дар ин рӯйхат раҳбари Беларус Александр Лукашенко, президенти Сурия Башор Асад, раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва сарвазири Австрия Себастян Курз низ ҳастанд.
Дрю Салливан, яке аз муассисони ин тарҳ гуфт, Ашраф Ғанӣ ҳам дар ботлоқи фасод ва ҳам ҳоли нотавонӣ буд. Ба гуфтаи ӯ, Ғанӣ мардуми худро тарк карда, онҳоро ба бадбахтиву марг вогузор кард, то дар байни мансабдорони фасодзадаи ҳукумати иморат зиндагӣ кунад.
Тибқи ин гузориш, Ғанӣ, бешубҳа, сазовори ин "ҷоиза" аст, зеро ӯ ҳам дар фасод ва ҳам дар бесалоҳиятӣ дар Афғонистон саҳм гузоштааст.
Қобили зикр аст, ки Муҳаммад Ашраф Ғанӣ рӯзи 15-уми августи соли ҷорӣ, пас аз расидани толибон ба дарвозаҳои Кобул аз Афғонистон фирор кард ва мақомоти ҳукуматаш ӯро дар суқути низоми ин кишвар муттаҳам медонанд.
"Толибон"* хостори бозгардонии пулҳои дуздидаи Ғанӣ шуд
Ғанӣ пас аз фирор дар иморат паноҳ бурд ва ба гуфтаи мақомоти пешини Афғонистон, раҳбари фирорӣ бо худ садҳо миллион долларро бурд.
Аммо Ғанӣ пас аз чанд рӯзи фирор эълон кард, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз хунрезӣ дар кӯчаҳои Кобул тарки кишвар намуд ва хабарҳои бо худ бурдани миллионҳо долларро рад кард.
Лоиҳаи гузоришдии ҷиноятҳои созмонёфта ва коррупсия (OCCRP) соли 2006 таъсис ёфтааст.
Он ба унвони як консорсиуми марказҳои тадқиқотӣ, расонаҳо ва рӯзноманигорон фаъолият мекунад, ки Аврупои Шарқӣ, Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Амрикои Марказиро фаро мегирад. Ин як созмони гузоришгари тафтишотӣ мебошад, ки ба ҷиноятҳои муташаккил ва коррупсия тахассус дорад.