Азим Иброҳим роҳсозони масири Кӯлоб - Қалъаи Хумбро қадрдонӣ кард

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим саҳми Нуралӣ Арабзода, мудири Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо ва директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои Душанбе - Чаноқ Зафар Шарифзодаро дар роҳсозӣ қобили мулоҳиза арзёбӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон роҳсозоне, ки дар татбиқи лоиҳаҳои сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе - Бохтар ва Кӯлоб - Қалъаи Хумб саҳм гузоштанд, қадрдонӣ шуданд.
Роҳсозонро вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим барои саҳми онҳо дар татбиқи ин лоиҳаҳо бо медал ва ифтихорномаю сипоснома қадрдонӣ кард.
Дафтари матбуотии ниҳоди мазкур хабар медиҳад, Азим Иброҳим ба ҳамаи онҳое, ки дар сохтмони ин ду тарҳи муҳим фаъолияти хуб нишон доданд, изҳори миннатдорӣ кард.
Ислоҳ кунед, вагарна ҷазо медиҳам: нигаронии Азим Иброҳим аз ҳисоботи нодуруст
Вазир махсусан саҳми директори Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо Нуралӣ Арабзода ва мудири иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои Душанбе - Чаноқ Зафар Шарифзодаро муҳим арзёбӣ кард.
Ёдовар мешавем, соли гузашта раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ супориш дод, вазоратҳои нақлиёт, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бояд дар муҳлатҳои муқарраршуда бо сифати баланд лоиҳаҳои сармоягузории соҳа ва истифодаи технологияҳои муосирро таъмин намоянд.
Манбаъ меафзояд, супоришҳои ироагардидаи роҳбари давлат амалӣ гардидаанд.