ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Артиши Русияро дар соли 2022 машқҳои мусаллаҳона бо нуҳ давлати хориҷӣ интизоранд, гуфт фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Федератсияи Русия Олег Салюков.
"Соли оянда 10 тамрини муштараки байналмилалӣ бо нерӯҳои мусаллаҳи нуҳ давлати хориҷӣ - Миср, Покистон, Алҷазоир, Лаос, Шри-Ланка, Қирғизистон, Тоҷикистон, Муғулистон ва Ҳиндустон дар назар аст", - гуфт ин мақоми низомии Русия.
Аз тамриноти барномарезишуда шаштоаш дар қаламрави давлатҳои хориҷӣ баргузор мешавад.
Ин размоишҳо аз машқҳои Русияву Алҷазоир, Русияву Покистон - "Дӯстӣ - 2022", машқҳои Русияву Покистон - "Ларос - 2022", инчунин машқҳо бо нерӯҳои посдори сулҳ ва воҳидҳои СААД "Рубеж-2022" иборатанд.
Инчунин маълум шуд, ки озмоиши давлатии роботҳои ҷангии “Уран-9” ва “Кунгас” дар арафаи анҷомёбист.
Мутахассисони комплексҳои роботӣ ба қобилиятҳои идоракунии онҳо аз дур баҳои мусбат додаанд.
Илова бар ин системаҳои роботии ояндадори табақаи вазнин ва миёна аз ҷониби корхонаҳои "Штурм" ва "Компанон" дар ҳоли таҳия қарор доранд, илова кардааст фармондеҳ.
Қаблан фармондеҳии Ҳавзаи марказии низомии Русия эълом карда буд, ки шумори фаъолиятҳои муштарак бо кишварҳои Осиёи Марказӣ афзоиш хоҳад ёфт.
Омӯзиши муштарак барои рушди минбаъдаи маҳорату малакаҳои эътилоф ва нерӯҳои муштарак дар соли 2022 муҳим аст. Сабаби аслии баргузории тамринҳо афзоиши таҳдидҳои низомӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.
Ҳамин тариқ дар соли 2021 аз ҷониби Ҳавзаи марказии ҳарбӣ бинобар таҳдидҳо дар ин қаламрав ҳудуди 50 размоиши низомии омӯзишии байналмилалӣ баргузор гашт.