ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, Русия ба унвони муҳимтарин шарики тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Ин нуқтаро раҳбари Тоҷикистон дар дидори дуҷониба дар Санкт-Петербург бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия баён дошт.
"Муносиботи байни кишварҳои мо дар ҳама самтҳо босуръат рушд мекунанд. Русия ба унвони шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад", - гуфт Раҳмон дар суҳбат.
Ба гуфтаи раисҷумҳури Тоҷикистон, табодули коло миёни кишварҳо дар як сол 25 дарсад афзоиш ёфтааст, ки беш аз як миллиард долларро ташкил медиҳад.
"Ман омодаам, ки бо Шумо вазъ ва дурнамои равобиту ҳамкориҳои кишварҳоямонро баррасӣ кунам", - афзуд раҳбари Тоҷикистон.