Дустури Путин барои идомаи пардохти иловапулӣ дар соли 2022 ба табибон

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия барои идомаи пардохти иловапулиҳо ба табибон дастур дода, муҳлати иҷрои онро муқаррар кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Русия ба ҳукумат дастур додааст, пардохти иловапулиҳо ба табибонеро, ки бо беморони коронавирус кор мекунанд, идома диҳанд. Дар ин бора сомонаи Кремл хабар додааст.
"Ба ҳукумати Русия бо назардошти супоришҳои пешин дастур дода шуд, ки дар соли 2022 пардохти иловапулиҳои махсуси иҷтимоиро ба табибон ва кормандони муассисаҳои тиббӣ, ки ба кумак ба гирифторони коронавирус машғуланд, идома диҳад", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид гардидааст, ки дар ин феҳраст кормандони муассисаҳои тиббие ворид мебошанд, ки ба ташхису табобати гирифторони коронавирус машғуланд. Инчунин кормандони муассисаҳои иҷтимоӣ низ, ки бо гирифторони коронавирус робита доштаанд, дар ин феҳраст зикр гардидаанд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
СҶБ роҳи ғалаба бар пандемияи коронавирусро нишон дод
Путин таъкид намудааст, барои табибону кормандоне, ки дар рӯзҳои истироҳат ва таътил, аз 31 декабр то 9 январ кор мекунанд, иловапулиҳои иҷтимоӣ ду баробар зиёд карда шаванд. Илова шудааст, ки дар бораи иҷрои ин супориш то 31 декабр гузориш пешниҳод гардад.
Дар баробари ин кобинаи вазирон дар якҷоягӣ бо мақомоти минтақаӣ муваззаф гардидаанд, ки сари вақт пардохтҳои зикршударо амалӣ намоянд.
Раисҷумҳури Русия масъули иҷрои ин дастур сарвазир Михаил Мишустунро таъйин намуда, таъкид кардааст, ки гузориш дар бораи иҷрои онро то 15 марти соли 2022 мунтазир мешавад.