Боздошти корманди ҳукумати Мастчоҳ бо иттиҳоми қаллобӣ: ваъдаи кумак бар ивази пул

Боздоштшуда барои кумак ба як корафтода пул талаб кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 дек – Sputnik. Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон як корманди ҳукумати Мастчоҳ бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт шудааст
Ба иттилои манбаъ, бо Г.Ш.С. дар асоси фармоиши раиси ноҳияи Мастчоҳ дар вазифаи сармутахассис-котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш даст ба ҷиноятӣ қаллобӣ зад.
Гуфта мешавад, боздоштшуда бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ шаҳрванд “А” -ро бовар кунонид, ки бар ивази маблағи 10 000 сомонӣ тавассути судяи Суди ноҳияи Мастчоҳ, барои ба манфиати ӯ қабул намудани санади судӣ оид ба фарзандхонии ноболиғ шаҳрванд “Б” мусоидат карда метавонад.
Талаби 10 000 сомонӣ барои озодӣ аз сарбозӣ: боздошти кормандони комиссариати ҳарбӣ
"Ҳамин тариқ бо роҳи фиреб аз шаҳрванд “А” маблағи 10 000 сомониро тасарруф намуда, ба манфиати охирон ягон амалро иҷро накард", - афзудааст манбаъ.
Ожонсии зидди фасод мегӯяд, дар ин асос нисбат ба Г.Ш.С. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои "в,г" КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, пас аз анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.
Дар сурати тасдиқи ин иттиҳом ба боздоштшудаҳо ҷарима ба андозаи аз 21 то 54 ҳазор сомонӣ ё аз ду то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад.