Беларус ба ваксинзании кӯдакон алайҳи коронавирус шуруъ кард: Дар Тоҷикистон чӣ?

Вазорати тандурустии Беларус аз оғози ваксиназании кӯдакон алайҳи бемории коронавирус эълон кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Дар Беларус ваксинзании кӯдакони аз 12 то 17-сола оғоз шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати беҳдошти ин кишвар.

"Дар Беларус ваксинзании кӯдакон бар зидди сирояти COVID-19 оғоз шуд. Кӯдакони 12-17-сола метавонанд бар зидди COVID-19 ваксаина шаванд", - омадааст дар хабари вазорат.

Гуфта мешавад, барои ин волидайн ё намояндагони қонунӣ дар ҷиҳати ваксина гирифтани атфоли таҳти қаймумияташон розигӣ диҳанд.
Зикр гардид, ки кӯдакон бо ваксини истеҳсоли Чин моякӯбӣ мешаванд.
Дар ҳамин ҳол масъалаи ваксиназании кӯдакон алайҳи вируси COVID -19 дар Тоҷикистон алъон мавриди баррасӣ ҳам қарор нагирифтааст.
Гинсбург гуфт, озмоиши ваксина алайҳи коронавирус барои кӯдакон се моҳ вақт мегирад
Сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологии ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии тиббии назорати тандурустӣ Наврӯз Ҷаъфаров қаблан изҳор намуда буд, ки тибқи талаботи Созмони ҷаҳонии беҳдошт, масъалаи моякӯбии кӯдакон бар зидди коронавирус танҳо пас аз эмкунии беш аз 60 дарсади аҳолии калонсол матраҳ мешавад.
Ваксиназанӣ дар Тоҷикистон ҳамоно идома дорад ва аҳолии кишвар бо панҷ навъи ваксина, аз ҷумла "CoronaVac", "AstraZeneca", "Moderna", "Pfaizer" ва "Спутник V" моякӯбӣ мешаванд.