ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 80 фоизи корҳо дар сохтмони CASA-1000 анҷом ёфтаанд.
Далер Ҷумъа дар суҳбат бо нашрияи "Ҷумҳурият" изҳор дошт, ки аксарияти таҷҳизот ба кишвар ворид гардида, феълан насбу сохтмон идома дорад. Вазир таъкид намуд, ки қисмати тоҷикистонии ин хатти интиқоли барқ соли 2022-юм омода хоҳад шуд.
Дар мавриди ҳолати кор дар кишварҳои ҳамсоя Далер Ҷумъа бо такя ба иттилои дарёфтияш изҳор кард, ки дар Афғонистон низ аксарияти таҷҳизот дастрас шуда, нисфи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд.
Ӯ илова намуд, ки дар Покистон низ корҳои сохтмонӣ соли равон такон ёфта, бунёди зеристгоҳи асосӣ ва хатҳои интиқоли барқ аллакай сар шудаанд.
Вазир гуфт, бо ҳамтоёнашон аз кишварҳои иштирокдори ин тарҳ дар тамос аст, то бар суръати корҳои сохтмониро афзуда шавад.
Далер Ҷумъа таъкид намуд, ки тарҳи CASA-1000 аз нигоҳи маблағгузорӣ, таҷҳизот ва сохтмон феълан дар сатҳе қарор дорад, ки ягон шубҳа дар амалишавияш нест ва чизе наметавонад монеаи он шавад. Ӯ афзуд, уҳдадориҳои кишварҳои иштирокдори ин тарҳ дар созишномаи генералӣ зикр шудаанд.
Бар асоси тарҳи CASA-1000, интизор меравад, аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистон ҳудуди ҳазор мегаватт ва ба Афғонистон ҳудуди сесад мегаватт нерӯи барқ содир шавад.