Худӣ: маълум шуд Тоҷикистон чӣ қадар маҳсулоти нафтӣ истеҳсол кардааст

Тоҷикистон дар соли ҷорӣ бештар аз ним миллион тонна маҳсулоти нафтӣ ворид кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беш аз 22,5 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ тавлид шудааст. Ин ҳаҷм дар баробари ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ ба кишвар ночиз арзёбӣ мешавад.
Ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар кишвар бештар аз 22,5 ҳазор тонна нафт истихроҷ шудааст, хабар медиҳад "Авеста".
Ба иттилои манбаъ, дар ин муддат дар кишвар 411,9 тонна бензин тавлид шудааст.
Дар Суғд бензину сӯзишвории дизелӣ арзонтар мешавад: гази моеъ чӣ?
Зимнан дар 11 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 554 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, ки нисбат ба як соли қабл 2,4% бештар аст.
Дар умум давоми 11 моҳ ба кишвар беш аз 553 ҳазору 937,2 тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи умумии беш аз 360,4 миллион доллар ворид шудааст.
Русия таъминкунандаи асосии маҳсулоти нафтӣ боқӣ мемонад. Ҳамчунин аз Қазоқистон ва кишварҳои дигар ба Тоҷикистон маҳсулоти нафтӣ ворид мешуд.
Тоҷикистон асосан маҳсулоти нафтиро ба далели тавлиди ночиз дар дохили кишвар ворид мекунад.
Дар ҳамин ҳол дар Тоҷикистон қимати маводи сӯхт дар як соли ахир ба болотарин ҳадди ниҳоияш расида, тамоми рекордҳоро шикаст.
Дар Хуҷанд ҳаракати автобусҳо барқарор шуд
Арзиши маҳсулоти нафтию газ дигар дар кишвар майли коҳишёбӣ надорад. Дар пайи болоравии нархи он қимати маводи ғизоӣ ва хидматрасониҳо низ боло рафт.
Ҳоло дар кишвар арзиши бензини АИ-92 10,40 сомонӣ (0,92 доллар), солярка 10,50-10,70 сомонӣ (0,93-0,94 доллар) ва гази моеъ бошад, 7,4 сомониро ташкил медиҳад.