ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Шӯрои Федератсиюни Русия созишнома бо Тоҷикистон дар бораи таъсиси низоми воҳиди дифои ҳавоии минтақаро тасвиб кард.
Қаблан Кумитаи байналмилалии Шӯрои Федератсия аз созишномаи Русия ва Тоҷикистон дар бораи дифои муштараки ҳавоӣ ҳимоят карда буд.
Гуфта мешавад, ду кишвар тарҳи бунёди як системаи дифои ҳавоиро дар назар доранд, ки ҷузъи ҷудонашавандаи системаи муштараки дифои ҳавоии кишварҳои узви ИДМ хоҳад шуд.
Он бо мақсади тақвияти иқдомоти дифоӣ дар қиболи ҳуҷуми ҳавоӣ дар минтақа ташкил карда шудааст.
Созишномаи мазкур тартиби идоракунии низом ва роҳандозии амалиёти муштарак, инчунин ташкили қабул ба иншооти ҳарбӣ ва истифодаи муштараки зерсохти низомиро муайян мекунад.
Тибқи ин санад, дар замони осоишта системаи муштараки дифои зиддиҳавоӣ даъват карда мешавад, ки тарафҳоро дар бораи пайдо шудани дороиҳои кайҳонии ҷосусон огоҳ месозад, инчунин риояи қоидаҳои убури ҳавопаймоҳо аз сарҳади давлатии Тоҷикистонро назорат кунад.
Ёдовар мешавем, лоиҳаи ниҳоии ташкили системаи муштараки дифоиро вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу ва вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо таҳияву тасдиқ кардаанд.
Шартнома ба муҳлати панҷ сол баста шуда, дар оянда он метавонад ба таври худкор тамдид шавад.