ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Пизишк ва муҷрии телевизион Александр Мясников як доруи русиро ном бурд, ки метавонад паҳншавии штамми омикронии коронавирусро боздорад.
Дар ин бора ӯ дар канали "Telegram"-и иттилоъ додааст. Ба гуфти мутахассис, истифодаи ваксинаи димоғӣ бар зидди COVID-19 ба пешгирӣ аз паҳншавии штамми нав мусоидат мекунад.
"Ҷорӣ намудани ваксинаи димоғӣ бар зидди COVID-19 метавонад паҳншавии босуръати омикронро суст кунад. Паҳншавии онро маҳз дар нуқтаи воридшавӣ - бинӣ бозмедорад". - навиштааст Мясников.
Нимаи моҳи октябри соли 2021 Вазорати тандурустии Русия ба озмоишҳои клиникии ваксинаи зидди коронавируси SPRAY 08-Gam-COVID-Vac-2021, ки аз ҷониби Маркази тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи Гамалея таҳия шудааст, иҷозат дод.
Ба гуфти намояндагони ин марказ, дору таъсири манфӣ надошт ва худи ин раванд бедард тавсиф мешавад, ки барои эҷоди монеаи изофӣ дар қиболи вирус дар роҳҳои болоии нафас таҳия шудааст.
Ваксина аз ҷониби президенти Русия Владимир Путин озмуда шуд, ки гуфт, ҳеҷ ногуворие эҳсос накардааст.
Бори аввал штамми нави SARS-CoV-2 дар Африқои Ҷанубӣ ва Ботсвана кашф карда шуд. Фарқият аз штаммҳои қаблиро табибон дар шумораи зиёди мутатсияҳои он арзёбӣ кардаанд. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ин штаммро "нигароникунанда" номид ва онро "омикрон", бо номи ҳарфи 15-уми алифбои юнонӣ унвон кард.
Аломатҳои омикрон аз дарди сар, хастагии шадид, табларза ва дарди бадан иборатанд.
Дар ҳоли ҳозир дар Русия расман 41 ҳолати сироят ба штамми омикрон ба қайд гирифта шудааст, вале суръати паҳншавии он рӯз то рӯз афзоиш меёбад.