ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik, Сергей Савчук. Чунин ба назар мерасад, ки ҷомеаи ҷаҳонии аз ҷиҳати экологӣ нигарон бояд шод шавад, аммо ин тавр нест. Агар ба сарлавҳаҳои нашрияҳои хориҷӣ назар андозед, аксарияти мутлақи онҳо хеле табъро хира мекунанд. Коршиносони энергетика ва молия ҳам розӣ ҳастанд, ки Берлин вақти номуносибтаринро барои намоиши орзуҳои сабзи худ интихоб кардааст.
Олмон бо беш аз чаҳор триллион доллар иқтисоди аслии Аврупо аст. Ин ҳам асосест, ки эътимоднокии иқтисоди ҷамъии Аврупоро ҳифз мекунад ва кафолат медиҳад ва ҳамчунин локомотивест, ки онро пеш мебарад. Аз ин рӯ ҳамаи бозигарони манфиатдор лоиҳаҳоеро, ки Берлин амалӣ карда истодааст ва натиҷаҳои онҳо дар гирду атроф паҳн шуда, бидуни истисно ҳама ҳамсояҳо ва шарикони савдоро фаро мегиранд, бодиққат пайравӣ мекунанд.
Барои ҳукуматҳо ва буҷаҳои бисёр кишварҳо соли 2021 бо нотаҳои хеле ночиз ба охир мерасад. Якҷоя кардани кӯшишҳо барои барқарор кардани иқтисоди ҷаҳонӣ ва шароити обуҳаво боиси ба вуҷуд омадани нархҳои бесобиқа болоиэнергия гардид, ки мантиқан аз касри доимӣ, норасоии захираҳо ва нархи нерӯи барқ иборат буд.
Масалан, дар Олмон як мегаватт-соат барқ аллакай беш аз 430 евро арзиш дорад, ки нисбат ба як соли қабл 350 дарсад бештар аст. Чунин нархҳо дар Австрия, Фаронса ва Белгия низ мавҷуданд, гарчанде ки дар моҳи декабри соли 2020 як мегаватт-соат барқ дар биржаҳо каме бештар аз сад евро фурӯхта шуд.
Дар баробари ин дар анборҳо кам шудани захираи сузишворӣ мушоҳида мешавад. Маълум аст, ки аз аввали моҳи ноябр ширкатҳои аврупоӣ аз махозини газ беш аз 14 миллиард метри мукааб газ гирифтаанд. Пуркунии умумии анборҳои зеризаминӣ 60 фоизро ташкил медиҳад ва ин дар панҷсолаи ахир натичаи бадтарин аст.
Соли 2018, вақте ки яхбандии "Даррандаи шарқӣ" дар Аврупо ҳукмрон шуд, соли ғамагезе буд. Пас аз он давраи пасти ҳарорати ҳаво то аввали моҳи март тӯл кашид ва ҳатто минтақаҳои ҷанубиро қабати ғафси барф фаро гирифт, ки аз ин сабаб дар ҳама ҷо иртибототи васоити нақлия халалдору садҳо парвоз лағв шуд.
Давраи душворе буд, вале ҳама фаҳмиданд, ки сардиҳо дер ё зуд пушти сар мешаванд. Имрӯз ҳатто як ситорашинос уҳдадор нест, ки кай ба поён расидани буҳрони молӣ ва энергетикиро пешгӯӣ кунад.
Васоити ахбори оммаи хориҷӣ, ки ба барномаи ҳатмии экологӣ содиқанд, дар бораи як далели дигар хомӯшанд, ки бе он нигаронии биржаҳо, соҳибони нерӯгоҳҳо ва истеъмолкунандагони ниҳоӣ номафаҳум аст.
Онҳо шарм медоранд, бигӯянд, ки Олмон то охири сол ба ҷуз аз се нерӯгоҳи барқи ҳастаӣ дар доираи уҳдадориҳояш дар ҷиҳати декарбонизатсия 11 фаъолияти нерӯгоҳи ангиштсангиро қатъ мекунад. Яъне тавлиди нерӯи барқ дар ин кишвар на се баробар, бале тавре гуфта шуд, якбора 6,4 гигаватт кам мешавад.
Акнун биёед, ба омори расмӣ ва ҳисобҳо назар андозем.
Олмон дар солҳои охир коҳиши тавлиди нерӯи барқро ба намоиш гузошт. Дар солҳои 2018-2020 энергетикҳои олмонӣ мутаносибан 637, 603 ва 567 тераватт-соат барқ тавлид кардаанд.
Дар соли 2019 Олмон ҳамагӣ 567 терават-соат истифода кардааст, ки нисбат ба соли 2010 11 дарсад камтар аст.
Аммо чизи асосӣ дар зери гузоришҳои расмӣ пинҳон аст. Берлин барои нигоҳдоштан ва таъмини афзоиши минбаъдаи иқтисоди худ тамоми қувваро ба кор мебарад ва ин бе зиёд кардани сарфи нерӯи барқ имконнопазир аст. Агар олмониҳо ба мақсади худ расанд, пас то соли 2030 ба саноат ва аҳолии онхо барои таъмини ҳаёти муътадил камаш 700 тераватт-соат барқ лозим мешавад.
Ин дар ҳолест, ки истиқлоли энергетикии Олмон хеле шартӣ аст. Ин кишвар аз сеяки эхтиёҷоти худро бо энергия таъмин карда метавонад, бокимондаашро аз хориҷа мехарад.
Экологҳои Ғарб қайд мекунанд, ки бинобар тадбирхои андешидашуда барои Олмоналтернативаи дигаре нест, танҳо афзоиши истифода аз ангишт, ки ҳиссаи он дар тавозуниэнергетикии мамлакат дар давоми се соли охир аз 22 то 16 фоиз кам шудааст, роҳи наҷот аст. Ва ин дар навбати худ ба ҳама нақшаҳои гузариш ба иқтисоди бидуни карбон то соли 2050 нуқта мегузорад.
Инро хабарҳои расонаҳои худи Олмон ба таври ғайримустақим тасдиқ мекунанд. Масалан, “Юнипер” аллакай эълон кардааст, ки аз бастани нерӯгоҳи ангишти “Scholven-B” худдорӣ мекунад ва омодааст, ки на дертар аз охири соли оянда ба ин масъала баргардад. Шубҳае нест, ки соҳибони чунин коргоҳҳоаллакай бо нархномаҳои Биржаи энергетикии аврупоӣ шинос шудаанд, ки дар он арзиши як мегаватт аз 1 январ аз 600 евро ва бештар аз он мешавад.
Дар ин ҷо рӯшан кардан лозим аст, ки “Юнипер” ва ҳамкорони онҳо ин корро на аз рӯи тамаъҳои шадид, балки ба хотири дар ҳадди ақал нигоҳ доштани мавқеи феълии худ мекунанд. Бино ба гузориши “Bloomberg”, фоидаи ширкатҳои энержии Олмон ба нуқтаи поёнии дарамодҳо расидааст.
Ҳукумати Австралия, ки бузургтарин содиркунандаи ангишт дар ҷаҳон аст, расман бознигарии нақшаҳои молии худро барои сол эълом кард. Канберра интизор дорад, ки даромад аз фурӯш ва содироти захираҳои энергетикӣ дар соли ҷорӣ 22 дарсад афзоиш ёфта, 272 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Воқеан, Олмон ки дар раҳбарияти нави он “сабзҳо” бештаранд, бо як даст нерӯгоҳҳои ҳастаииаз ҷиҳати иқлимӣ бехатарро мебандад ва бо дасти дигар бозигарони бозорро ба баргардонидани истифода аз ангишт тела медиҳад.
Ва як факти дигар дар бораи ташвиши мақомоти умури саноату молия: як ҳафта пеш аз Фаронса хабари нохуше расид. Дар он ҷо нозири амнияти ҳастаӣ тарқишҳоро дар қубурҳои обгузари ибтидоии “Сива” кашф кард. Пойгоҳ PWR-ҳои беҳамтои нерӯи барқро (1560 мегаватт) бо тарҳи фаронсавии худ истифода мебарад ва ҳар дуи онҳо барои рафъи садамаи эътимолӣ қатъ шуданд.
Ин як мушкили муваққатӣ аст, аммо “Сива” як “хоҳар”-и дугоник дорад, ки онро нерӯгоҳи барқи ҳастии “Шо” гӯянд. Танзимкунанда оқилона рафтор кард ва фармон дод, ки се реактори PWR-ро хомӯш кунанд.
Фаронса, содиркунандаи асосии нерӯи барқи Аврупо аслан дар тӯли чанд рӯз панҷ гигаватт аз иқтидори муқарраршуда кост, ки таъминоти шаҳрвандони худи он ва содиротро зери суол мебарад.
Якҷоя бо сармоҳои зимистон Аврупо ба ояндаи тира наздик мешавад. Аврупоиҳо дар ин кор танҳо худро гунаҳкор карда метавонанд. Онҳо худашон пешвоёни сиёсиро интихоб карданд, ки ба хаёлоти худ ғарқ шуда, қонунҳои физика ва бозорро сарфи назар карданд.