Роҳбари Русия гуфт, дар аввал бояд бидуни шак, ба мардуми Афғонистон ёрӣ кард.
Вай таъкид кард, ин корро пеш аз ҳама бояд он давлатҳое анҷом диҳанд, ки ба иқтисоди Афғонистон ва худи мардуми ин кишвар зарари калон расондаанд.
“Ҳамонҳое, ки давоми 20 сол дар ин кишвар буданд, иқтисоди онро хароб карданд, бояд пеш аз ҳама кумак кунанд. Мо аз тарафи худ ҳар чизе вобаста аст, анҷом медиҳем. Аммо пеш аз ҳама бояд пулҳои Афғонистон озод карда шаванд. Дороиҳои Афғонистон, ки дар бонкҳои амрикоӣ нигоҳ дошта мешаванд, барои кумаки башардӯстона ба мардуми Афғонистон ирсол шаванд. Чун дар ин кишвар метавонад гуруснагӣ сар занад ва он ба вазъи кишвари ҳамсоя таъсири манфӣ мерасонад”, - афзуд раисҷумҳури Русия.