ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Таҷлил Соли Нав дар шаҳри Душанбе ба таври маҳдуд сурат гирифта, барномаи бошукӯҳи фарҳангию фароғатӣ гузаронида намешавад.
Ин тасмим бо мақсади пешгирӣ аз интиқоли бемории сироятии COVID–19, эмин нигоҳ доштани саломатии сокинону меҳмонони пойтахт ва иҷрои қарори ситоди ҷумҳуриявӣ гирифта шудааст, хабар медиҳад "Ховар" дар такя ба Раёсати фарҳанги ҳукумати пойтахт.
Бар асоси ин тасмим, ҳамчунин дар шаби Соли Нав паронидани мушак дар маркази шаҳр ва чаҳор ноҳияи пойтахт манъ гардида, тибқи нақша, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ дар ин ноҳияҳо танҳо дар ҳудуди боғчаҳо барои кӯдакон баргузор мешаванд.
Ҳамзамон гузоштани арчаи солинавӣ дар ҳудуди муассисаҳои таълимӣ манъ буда, барномаҳои фарҳангии идона танҳо дар доираи дарсҳои тарбиявӣ гузаронида мешаванд.
Ба иттилои масъулини бахши фарҳанги шаҳрдорӣ, рӯзҳои 28-29-уми декабр дар Сирки давлатии Тоҷикистон барои кӯдакону наврасон таҳти унвони "Афсонаи солинавӣ" намоише барпо шуда, ҳамчунин аз рӯи асари нависандаи машҳур Темур Зулфиқоров, барномаи театрии "Бозгашти Хоҷа Насриддин" намоиш дода мешавад.
Барномаи мазкур рӯзи аввал ба кӯдакони ятиму бепарастор ва маъюбон, рӯзи дуюм барои кӯдакону наврасони пойтахт ва дӯстдорони санъати сиркӣ намоиш дода мешавад.
Қаблан аз ҳукумати шаҳр ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буданд, ки Душанбе пурра барои таҷлили ин ид омода шудааст.
Ҳамзамон дар бозорҳои калони пойтахт ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ роҳандозӣ мешавад, ки дар он ҷо молу маҳсулот назар ба нархи бозор арзонтар хоҳад буд, хабар доданд аз шаҳрдорӣ.