ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Маълум шуд, ки муҳоҷирати дохилӣ ва хориҷӣ дар Русия тайи 10 соли ахир ба сатҳи бекорӣ дар ин кишвар амалан таъсире надоштааст, менависад "Коммерсант".
Таҳқиқоти калон аз ҷониби иқтисоддонҳои шуъбаҳои Шарқи Дури Бонки марказии Русия гузаронида шудааст.
Ба гузориши таҳлилгарон, вуруди муҳоҷирон ба як макони мушаххас танҳо фаъолияти иқтисодиро дар ин минтақа афзоиш медиҳад.
Муаллифони пажуҳиши иқтисодӣ ба ин натиҷа расидаанд, таъсири муҳоҷират ба бозори кор дар ин кишвар "ба маротиб камтар аз он аст, ки маъмулан дар Русия мегӯянд."
Аммо афзоиши даромади муҳоҷирон мушоҳида мешавад, вале аз ҷиҳати ҳаҷм он ҳадди ақалл аст.
12 минтақаи "мизбон" муайян карда шуд, ки инҳо калонтарин шаҳрҳои Русия, Тотористон, Краснодар ва вилояти Тюмен мебошанд.
Минтақаҳои Шарқи Дур, Забайкал, қисматҳои Сибир, Поволж ва Қафқози Шимолӣ ҳамчун "диҳанда" тасниф мешаванд.