Беш аз 130 муҳоҷири боздоштшудаи тоҷик аз Русия ихроҷ мешаванд

Беш аз 130 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳоло дар Маркази боздоштгоҳи мувақатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Маскав ҳастанд, бо кумаки сафорати Тоҷикистон ба Ватан баргардонда мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Тавре сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар додааст, ахиран консули кишвар дар Маскав аз Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ, воқеъ дар деҳаи Сахаровои шаҳри Маскав боздид кард ва бо ҳолати нигоҳдории ҳамватанон дар он муассиса ошно шуд.
Қайд карда шудааст, ки зимни мулоқот бо роҳбари Боздоштгоҳи мазкур Алексей Лагода масоили ҳуҷҷатгузорӣ ва зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сафорат иттилоъ додааст, ки дар рафти вохурӣ маълум гардидааст, ки ҳоло дар ин боздоштгоҳ 136 шаҳрванди Тоҷикистон қарор дорад, ки ба 133 нафарашон аз ҷониби намояндагии дипломатӣ шаҳодатномаи бозгашт ба Тоҷикистон ба таври ройгон таҳия гардид.
Коршиносон: Муҳоҷирони тоҷик ба рушди Русия таъсир мерасонанд
Ҳамчунин кормандони сафорат бо шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон мулоқот карданд.
“Ба шаҳрвандони кишвар қонунҳои амалкунандаи Русия дар бахши муҳоҷират барои дар оянда такрор нашудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба будубош дар қаламрави Русия маълумот ва тавсияҳои зарурӣ дода шуд”, - қайд кардааст сафорат.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки зимни боздид ба шаҳрвандони Тоҷикистон як миқдор маводи ғизоӣ, либос ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз тақдим шудааст.
Гуфта мешавад, корҳое дар самти шиносоӣ бо шароити боздоштгоҳҳо, ҳуҷҷатгузорӣ ва барои ҳарчи зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштшуда дар тамоми шаҳру вилоятҳои Русия мунтазам сурат мегиранд.