ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯяд, маҳдудиятҳои интиқоли барқ дар навоҳии кишвар характери техникӣ доранд.
Далер Ҷумъа дар суҳбат бо нашрияи "Ҷумҳурият" изҳор дошт, ки шикоятҳо дар бораи интиқоли барқро аз тариқи телефонҳои боварӣ дар шаҳру навоҳӣ гирифта истодаанду инчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ дида, барои ҳаллашон чораандешӣ мекунанд.
"Талабот ба барқ рӯз аз рӯз, чӣ дар шаҳрҳои калон ва чӣ дар навоҳӣ зиёд шуда истодааст", - таъкид намуд вазир ва афзуд, ки барои қонеъ намудани талаботи рӯзафзун талош доранд.
Ӯ гуфт, дар ин вазъ баъзе омилҳои дохилӣ ҷой доранд, ки барои бартарафсозияшон талош мекунанд. Дар мавриди омилҳои берунӣ ӯ тағйирёбии иқлимро зикр намуд, ки ба сатҳи оби дарёҳо таъсир дорад.
Сокинони навоҳии Тоҷикистон мегӯянд, нерӯи барқро бо фарорасии фасли сармо бо маҳдудият мегиранд.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи вазири энергетика, имсол сатҳи оби дарёҳо ва обанборҳо дар кишвар нисбатан баландтар мебошаду таъминот бо қувваи барқ хубтар хоҳад буд.
Ба гуфтаи вазир, дар пайи боло рафтани сатҳи об дар нерӯгоҳи "Роғун" ва бунёду таҷдиди дигар нерӯгоҳҳо таъмини бо барқ беҳтар мешавад.
Омилҳои дигаре, ки метавонад дар беҳбуди барқрасонӣ саҳми бузург дошта бошанд, ба эътиқоди манбаъ, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, таҷҳизоти каммасраф ва инчунин коҳиши талафоти техникию тиҷорӣ мебошанд.