БҶ ба Тоҷикистон 25 миллион доллар ҷудо мекунад: барои чӣ ин маблағ сарф мешавад?

Маблағҳо имкон медиҳанд, ки дарсади бештари аҳолӣ ба моякӯбӣ таъмин шаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон барои мубориза бо коронавирус 25 миллион мегиранд. Маблағҳои иловагӣ аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ ҷудо мешаванд, хабар медиҳад, бахши душанбегии ин ташкилоти молӣ.
Ин маблағгузорӣ дар шакли грант барои вокунишҳои изтирорӣ ба пандемияи COVID-19 дар Тоҷикистон сурат мегирад.
Ин маблағ имкон медиҳад, дарсади бештари ҷамъият моякӯбӣ ва ҳамчунин хисороти иқтисодии ношӣ аз коронавирус рафъ шавад, гуфт Озан Севимли, намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон.
"Сармоягузорӣ ба ваксина бар зидди COVID-19 барои Бонки Ҷаҳонӣ авлавият дорад, зеро он як шарти ҳатмӣ барои бунёди иқтисоди устувор ва ҳаётӣ дар Тоҷикистон аст", - гуфт ӯ.
Зимнан зикр мегардад, ки маблағгузории иловагӣ инчунин хароҷоти интиқоли ваксина, паҳнкунии он дар Тоҷикистон, хароҷоти маводи мавриди ниёз (сӯзандоруҳо, қуттиҳои муҳофизатӣ), тавсеаи системаи бақайдгирии электронии ваксинаҳо, санҷишҳои COVID-19 ва чопи шаҳодатномаҳо барои афроди ваксинашудаҳоро низ дар бар мегирад.
Бонки Ҷаҳонӣ барои таъмири НБО "Норак" пул медиҳад
Ҳамчунин дар харидории дастгоҳҳои санҷиши COVID-19 (ПЦР), таҷҳизоти иловагии муҳофизати инфиродӣ ва маводи истеъмолӣ, аз қабили доруву дигар лавозимот барои беморхонаҳои марбути COVID-19 аз маблағ истифода мешавад.
Илова бар ин мақомот метавонанд фаъолияти иртибототии худро барои ҳалли масъалаи ваксинбезорон ва пешгирӣ аз пахши маълумоти бардурӯғ дар бораи пандемия густариш диҳанд.