Зокирзода: Ҳамкории Тоҷикистону Беларус ба сатҳи бесобиқа расид

Зокирзода мегӯяд, эътимоди мутақобилаи сиёсӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Беларус ба сатҳи бесобиқа расидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо сафири Беларус дар кишвар Виктор Денисенко дидору мулоқот кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагон.
Гуфта мешавад, дар ин дидор раиси Маҷлиси намояндагон гуфтааст, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус хеле рушд кардаанд.

"Беларус дар стратегияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи муҳимро ишғол мекунад ва мо ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус манфиатдорем", - гуфтааст дар оғози мулоқот раиси парлумон.

Дар ин кор Зокирзода саҳми кишвардорон Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенкоро муҳим арзёбӣ кардааст.
Тақвияти робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Беларусро сиёсатмадори тоҷик аз бахши дигари ҳамкориҳо хондааст.
"Мо ба мустаҳкам намудани ҳамкориҳо бо кишвари бародари Беларус диққати махсус медиҳем", - таъкид кардааст Зокирзода.
Ҳайати мақомдорону соҳибкорони Могилёв ба Суғд меоянд
Зикр шудааст, ки дар оғози ин даъват Маҷлиси намояндагон бо Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Беларус як гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъсис дод.
Дар мулоқот ҳамчунин таъкид гардидааст, ки дар маҷмуъ муносибатҳои Тоҷикистону Беларус дар ҳоли тавсеа мебошанд.

Созишномаҳои миёни Тоҷикистон ва Беларус

Миёни Тоҷикистон ва Беларус беш аз 90 шартномаю созишнома дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ имзо шудааст.
Ҳуҷҷатҳои бунёдие, ки принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаро муайян мекунанд, Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкории байни ду давлат (аз 5 апрели соли 2000-ум) ва Созишномаи шарикии стратегӣ байни Тоҷикистону Беларус (аз 27 июни соли 2000-ум) ба ҳисоб мераванд.
Ҳамкориҳои иқтисодии Душанбе ва Минск асосан дар чорчӯби кори Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Беларус, ки соли 1999 таъсис ёфта, инчунин асноди қабулшудаи миёни ду кишвар дар бахшҳои мухталифи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ арзёбӣ мешавад.