Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Бидуни таъсири манфӣ: "МИР 19", доруи дигари истеҳсоли Русия алайҳи COVID сабт шуд

Дар Русия боз як доруи дигар алайҳи маризии коронавирус аз ҷониби Вазорати тандурустӣ сабти ном шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Вазорати тандурустии Русия давои нави зидди коронавирусро бо номи "МИР 19" сабти ном кардааст, хабар медиҳад сомонаи Агентии федеролии биотиббӣ.
Дар Пажӯҳишгоҳи давлатии илмии иммунология таҳти роҳбарии профессор Мӯсо Ҳаитов бо супориши роҳбари Агентии федеролии биотиббӣ, Вероника Сквортсова дору барои табобати COVID-19 таҳия шудааст.
Дору дар сатҳи генетикӣ кор мекунад: он ба таври интихобӣ фаъолияти пайдарпайии ҳаётан муҳими вирусии РНК-ро пахш мекунад, дар ҳоле ки ба геноми инсон таъсир намерасонад.
"Қисмҳои асосии дору молекулаҳои синтетикии РНК-и хурди дахолаткунанда мебошанд, ки дар дохили ҳуҷайраи сироятшудаи бадан геноми патогенро ҳадаф қарор дода, ба таназзули он мусоидат мекунанд", - омадааст дар хабар.
Тадқиқотҳои клиникии дору бехатарӣ ва самаранокии онро исбот карданд.
Таҳиягарони нахустин ваксина гуфтанд, душманони Русия аз пешсафии "Спутник V" меҳаросанд
"МИР 19" ба бадани инсон таъсир намерасонад, ҳадафи он вирус аст, гуфт хадамоти матбуотӣ. Вай ягон таъсири тараф надорад.
Ёдовар мешавем, "Спутник V" - аввалин ваксинаи ҷаҳонӣ алайҳи коронавирус аст, ки онро Русия таҳия кард. Ҳарчанд ҳоло СҶБ онро қабул накардааст, вале дар аксар кишварҳои ҷаҳон ин навъ ваксина мавриди истифода қарор гирифтааст.