ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Бунёди сармоягузории мустақими Русия хабар додааст, ки ваксинаи зиддикоронаии якбахшаи “Спутник Лайт”-и (однокомпонентный) сохти Русия барои истифода дар Туркманистон пазируфта шуд.
Ба гуфтаи ин бунёд, ваксинаи мазкур дар ду шакл пазируфта шудааст.
"Бунёди сармоягузории мустақими Русия тасвиби “Спутник лайт”-ро эълон кард. Ин ваксина дар Туркманистон ба унвони як муқаввии фарогир пазируфта шуд", - гуфта мешавад дар шабакаи "Telegram" тавлидкунандаи ваксина.
Ҳамин тариқ Туркманистон 23-юмин кишваре мебошад, ки истифодаи ваксинаи сохти Русияро иҷозат додааст.
Ваксинаи “Спутник лайт” бахши аввали ваксинаи “Спутник V” мебошад, ки бар аденовируси инсон 26 серотипи rAd26 асос ёфтааст.
Бояд қайд кард, ваксинаи дубахшаи “Спутник V” моҳи январи соли 2021 дар Туркманистон сабти ном шуда буд. Ин кишвар дар Осиёи Марказӣ аввалин шуда, истифодаи ваксинаи Русияро дар қаламрави худ пазируфта буд.
Ҳоло “Спутник V” дар 71 кишвари ҷаҳон, ки ҷамъияти умумии онҳо беш аз 4 миллиард нафар аст, тасдиқ шудааст. Самаранокии он зиёда аз 90 дарсад ба ҳисоб меравад, ваксина муҳофизати комил аз ҳолатҳои вазнини бемории коронавирусро таъмин мекунад.