ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Дар ҳукумати ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таъйиноти кадрӣ сурат гирифтааст, хабар медиҳад сомонаи "Фараж".
Гуфта мешавад, дар мувофиқа бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини нави раиси ноҳияи Данғара таъйин шудааст.
"Ба курсии муовини раиси ноҳияи Данғара Фариза Абдуллозода нишаст", - таъкид мешавад дар хабар.
Абдуллозода то ҳол сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон буд.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан муовини раиси ноҳияи Данғара Бунафша Файзиддинова буд, ки чанде пеш бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон раиси шаҳри Леваканд таъйин гардид.