Садамаи маргбор дар Бартанг: Ронанда ба дарё сарозер шуд

Ронандаи 49-солае бо мошинаш аз баландии тақрибан 4-5 метр ба дарёи "Бартанг" сарозер шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Дар роҳи ноҳияи Бартанг садамаи маргбори нақлиётӣ рух дод, хабар медиҳад Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, садама ба вақти шом рух додааст ва чун ронанда аз уҳдаи идораи трактор набаромадааст, мошин ба чуқурии 4-5-метрӣ, ба дарёи Бартанг сарозер шудааст.
Манбаъ меафзояд, ронандаи марҳкум сокини 49-солаи ноҳияи Шуғнон буда, ба эҳтимоли зиёд роҳҳои ин ноҳияро аз барф тоза мекард ва чун роҳ борику хавфнок аст, ӯ идораи нақлиётро аз даст додааст.
Ҳодисаи нохуш дар деҳоти Савноб рух додааст. Ин деҳа дар наздикии кӯли Сарез ҷойгир аст.
Садама дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ ҷони як нафарро рабуд - гузориши ВКД
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Ёдовар мешавем, сокинони ин ноҳия пайваста аз душворгузару хатарзо ва таъмирталаб будани масири Рӯшон - Бартанг шикоят мекунанд.
Тобистони имсол ин роҳро чанд дафъа об шуста буд ва сокинони ноҳияи дурдасти Бартанг дар инзивоъ қарор доштанд.