ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар нишасти матбуотӣ Қазоқистонро шарики беназир ва наздики Русия хонд.
Вай бар робитаҳои мустаҳками ду кишвар дар бахшҳои мухталиф таъкид намуда, ҳамчунин дар бораи равобити хуб бо раҳбари ин кишвар Қосимҷомарт Тоқаев ҳарф зад. Раҳбари Русия таъкид кард, пандемияи коронавирус ба Қазоқистон имкон надод, ки барномаи тарҳрезикардаи ин ду кишварро иҷроӣ кунад.
Сафари президенти Русия низ ба ин кишвар низ лағв шуд. Путин изҳори умедворӣ кард, президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Тоқаев 28 декабр дар як нишасти ғайрирасмӣ дар Санкт-Петербург ширкат хоҳанд кард.
"Ман воқеан ба ин умед дорам ва раҳбарияти Қазоқистон ба ин ризоияти пешакии худро додааст", - таъкид кард Путин.
Илова бар ин президент дар бораи ҳамкориҳои минбаъда бо ин ҷумҳурӣ сухан гуфт.
Ҳамин тариқ Русия ва Қазоқистон ният доранд, ки равобитро дар арсаи иқтисодӣ боз ҳам густариш диҳанд.
Ба гуфтаи Путин, таваҷҷуҳи асосӣ ба рақамисозӣ, генетика ва тиб дода мешавад.
Ёдовар мешавем, 23 декабри соли 2021 президенти Русия Владимир Путин нишасти матбуотии бузург баргузор кард.
Мавзуъҳои асосии нишасти матбуотӣ натиҷаҳои иқтисодии соли 2021, пандемияи коронавирус, ҷорӣ кардани QR-код дар нақлиёт ва ваксина буданд.
Чунин формати мулоқоти Путин бори аввал соли 2001 пайдо шуд. Мулоқот беш аз яку ним соат идома кард ва дар ин муддат раисҷумҳури Русия ба 22 суол посух дод.
Тӯлонтарин нишасти матбуотии Путин бо рӯзноманигорон ҳафтумин нишасти хабарии ӯ дар 14 феврали соли 2008 буд.
Он 4 соату 40 давом ёфт ва раҳбари Русия ба 106 суоли хабарнигорон посух гуфт.