Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Путин афзоиши мизони марг дар Русияро шарҳ дод

Президенти Русия Владимир Путин дар нишасти хабарӣ ба суоли рӯзноманигоре дар бораи афзоиши рӯзафзуни маргумир дар Русия посух дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Сатҳи баланди фавт аз коронавирус натиҷаи нокифояи масунияти оммавӣ аст, гуфт президенти Русия Владимир Путин зимни нишасти матбуотӣ.
Феълан масуният омма дар Русия 59,4%-ро ташкил медиҳад, дар ҳоле ки бояд 80 дарсад бошад, ёдовар шуд Путин.
Президент қайд кард, афроде, ки ваксина гирифтаанд ва бемориро аз сар гузаронидаанд, амалан дубора ба он гирифтор намешаванд.

"Танҳо 1%-и ашхосе, ки ин бемориро аз сар гузаронидаанд, бори дуввум ва танҳо 3-4% аз ваксинашудаҳо бемор мешаванд", - таъкид кард Путин.

Раҳбари Кремл хотиррасон кард, ки дар ИҶШС ба сиёсати моякӯбӣ чӣ тавр муносибат мекарданд.
"Чап-чап-чап ва тамом, рафтем", - гуфт ӯ.
Путин гуфт, мухолифи ҷазо додани ваксинбезорҳо аст
Президент инчунин дар бораи паҳн кардани ваксинаҳои мухталифи зидди коронавирус дар саросари ҷаҳон изҳори назар кард.
Раҳбари Русия дар толори намоишгоҳи марказии "Манеж"-и Маскав суханронӣ мекунад.
Имсол ба далели чораҳои зидди эпидемиологӣ дар робита ба ҳамагирии коронавирус 507 нафар аз кормандони ВАО ба толор роҳ ёфтанд.
Путин таъсири коронавирус ба иқтисоди Русияро арзёбӣ кард
Аз рӯи анъана, нишастҳои бузурги матбуотии Владимир Путин ҷамъбасти сол ҳисобида мешаванд.
Суолҳои рӯзноманигорон маъмулан ба бахшҳои мухталифи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Русия, баъзан ба ҳаёти шахсии кишвардор дахл доранд.
Мавзуъҳои аслии суханронии Путин дар рӯзи 23 декабр натоиҷи иқтисодӣ, пандемияи ҷаҳонии коронавирус, ҷорӣ кардани QR-код дар ин кишвар ва ҳамчунин эмкунӣ хоҳанд буд.