Мувофиқаи Русияву Тоҷикистон барои мубориза алайҳи таҳдидҳои террористӣ аз Афғонистон

Намояндагони мақомоти ду кишвар дар робита масоили амниятӣ мулоқоти навбатияшонро баргузор карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Русия ва Тоҷикистон барои мубориза бо терроризм тадобири муштарак хоҳанд андешид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар додааст.
Созишномаҳо дар ин бора зимни як мулоқот миёни Олег Сиромолотов - муовини вазири корҳои хориҷии Русия ва ҳамтои тоҷикаш Содиқ Имомӣ ҳосил шудаанд.
Ҳамин тариқ дипломатҳо масъалаҳои мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ пас аз тағйири вазъ дар Афғонистонро баррасӣ кардаанд.
"Барои таҳкими ҳамкориҳои махсуси Русияву Тоҷикистон ба манфиати таъмини суботу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад", — хабар дод вазорат.
Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки дар робита ба пешгирӣ аз таҳдидҳо ҳамкории бештареро ба роҳ монанд.
Сиромолотов ва Имомӣ ба муқовимат бо созмонҳои террористӣ, аз ҷумла "Давлати исломӣ"* ва зарурати муттаҳид кардани талошҳои ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд.
"Дар бораи тавсеаи пай дар пайи муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳои нав дар платформаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, САҲА, ИДМ, СПАД, СҲШ созиш ҳосил шуд", - афзуд вазорат.
Мулоқоти Раҳимзода бо намояндаи нави Русия дар Тоҷикистон: алайҳи чӣ мубориза мебаранд?
Ёдовар мешавем, мулоқоти намояндагони вазоратҳои хориҷаи ду кишвар дар чаҳорчӯби даври навбатии машваратҳои Русияву Тоҷикистон сурат гирифт.
Қаблан вазирони умури хориҷии Русия ва Тоҷикистон дар мавриди ҳамоҳангсозии иқдомот дар мавриди авзоъ дар Афғонистон ба мувофиқа расида буданд.