ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Феълан дар донишгоҳҳои Беларус беш аз 1809 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
Дар ин бора раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар суҳбат бо сафири Беларус дар кишвар Виктор Денисенко хабар дод, менависад хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагон.
Гуфта мешавад, дар ин мулоқот таъкид гардидааст, робитаҳои гуманитарии Тоҷикистону Беларус рушд мекунанд ва солҳои охир теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Беларус таҳсил менамоянд, дар чорчӯби факултаҳои муштараке, ки таъсис меёбанд, хеле афзоиш ёфтааст.
"Таҳсили ҷавонони тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Белорус хеле бонуфуз аст, имрӯз дар ин донишкадаҳо беш аз 1809 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон таҳсил мекунанд", - омадааст дар хабар.
Манбаъ афзуда, ки равобити байни донишгоҳҳои Тоҷикистону Беларус дар доираи беш аз 13 созишномаи байни донишгоҳҳо амалӣ мешавад.
Бояд гуфт, донишҷӯёни тоҷик ба таҳсил дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷ майли зиёд доранд.
Ҳоло ҳудуди 30 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд. Теъдоди бештари онҳо дар Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларус ҳастанд.