Тасдиқи хароҷоти солонаи Маҷлиси миллӣ

Маҷлиси миллии Тоҷикистон сметаи хароҷоташро барои соли 2022 тасдиқ намуд, ки дар асоси Қонуни буҷа барои соли оянда таҳия шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 дек – Sputnik. Ҳаҷми хароҷоти солонаи Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон 4,1 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ин нукта дар сметаи хароҷот барои соли 2022, ки ахиран Маҷлиси миллӣ, таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ онро тасдиқ кард, таъкид шудааст.
Илёс Идрисзода, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар шарҳи хароҷоти соли оянда изҳор дошт, ки ин маблағ асосан барои пардохти музди меҳнат, хароҷоти мол, хидмат­расониҳо ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ равона мегардад.
Дар Тоҷикистон бештар аз нақшаи пешбинишуда ба буҷа маблағ ворид кардаанд
Идрисзода афзуд, дар сохтор ва рӯйхати вазифаҳои дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, ки ҳанӯз соли 2019 тасдиқ шудаанд, ягон тағйирот ворид нагардидааст. Ба иттилои манбаъ, басти вазифаҳои дастгоҳи палатаи болоии парлумон аз 52 воҳиди корӣ иборат мебошад.
Бар асоси Қонуни буҷаи давлатӣ барои соли 2021, сметаи хароҷоти Маҷлиси миллӣ дар соли равон 3,9 миллион сомонӣ тасдиқ шуда буд. Рӯйхати вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ дар соли равон низ аз 52 воҳиди корӣ иборат мебошад.