ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Олег Сиромолотов, муовини вазири умури хориҷии Русия ахиран гуфт, иқдомоти Амрико вазъ дар Афғонистонро ташдид мекунад, онҳо ба ҷои эътирофи иштибоҳот аз фишангҳои молӣ барои пешбурди хостаҳои худ алайҳи толибон истифода карданд.
"Мутаассифона, иқдомоти Иёлоти Муттаҳида ва шарикони он танҳо вазъиятро ташдид мекунад. Онҳо ба ҷои эътироф кардани иштибоҳот ва худдорӣ аз дикта кардан аз фишангҳои молӣ барои пешбурди хостаҳои худ алайҳи толибон истифода мекунанд”, - гуфт муовини вазири умури хориҷии Русия.
Вай гуфт, мубориза бо терроризм ва ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир дидаву дониста нодида гирифта мешавад.
Ба гуфтаи оқои Сиромолотов, бар хилофи чунин рӯйкарди ғайрисозанда Русия ва шарикони он ба таври пайваста сиёсати тақвияти гуфтугӯи боз, заминаи мубориза бо терроризмро бар асоси пойбандӣ ба усули маншури СММ, қатъномаҳои Шӯрои амнияти СММ дар мубориза бо терроризми ҷаҳонӣ дунбол мекунанд.
Вай афзуд, конвенсияҳои СММ ва Стратегияи ҷаҳонии мубориза бо терроризм ҳамзамон нақши калидии ҳукуматҳо ва мақомоти салоҳиятдорро дар ин хусус эътироф мекунанд.
Вай афзуд, ки созмонҳои дигари террористӣ ба қудрат расидани толибонро ба унвони пирӯзии радикализм, бахусус “Ал-Қоида”* медонанд, ки талош дорад, аз ин моҷаро баҳра гирад ва истифода кунад.
* - созмони террористии мамнуъ дар Русия