Толибон дар вилояти Хуст амалиёти зидди дармонгоҳҳои тиббӣ ва доруҳои бидуни иҷозатномаро оғоз кардаанд.
Ба гуфтаи масъулони Раёсати тандурустии вилояти Хуст, ин амалиёт бо дархости мардум ва дастури раҳбарияти Вазорати беҳдошт оғоз шудааст.
Ин амалиёти толибон чанд рӯз идома хоҳад ёфт.
Ба гуфтаи мақомоти вилояти Хуст, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 25 дармонгоҳ ва дорухона бастааст.