Баргузории ярмаркаи фурӯшӣ ангишт дар чаҳор шаҳри бузурги вилояти Суғд

Рӯзҳои 23-24 декабр дар шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Истаравшан ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ярмаркаи фурӯши ангишт барпо мегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо мақсади таъмини сокинон бо маводи сӯхти нисбатан арзон рӯзҳои 23-24 декабр дар чаҳор минтақаи вилояти Суғд ярмаркаи фурӯши ангишт баргузор мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуотии мақомоти вилояти Суғд.
Тибқи иттилои манбаъ, ярмаркаҳои мазкур дар шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Истаравшан ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор мегарданд.
Иттилоъ дода шудааст, ки дар ярмаркаҳо конҳои ангишт бевосита фаровардаҳояшонро бо нархи нисбат ба бозор арзонтар пешниҳоди сокинон менамоянд.
Дастури ҳукумат барои арзонии нархи ангишт: Дар Хатлон як кило зуғолсанг 50-70 дирам шуд
Макони баргузории ярмаркаҳо дар шаҳри Хуҷанд маҳаллаи 34 (мавзеи тарбузбозор), дар шаҳри Истаравшан назди бозори “Ҳоҷӣ Ҳаит”, назди варзишгоҳи марказии шаҳр ва Шабакаҳои тақсимоти барқ, дар шаҳри Конибодом назди автовокзали шаҳр, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шаҳраки Ғафуров, марокизи ҷамоатҳои Хистеварзу Унҷӣ муқаррар гардидааст.
Зикр шудааст, сокинон метавонанд аз ин нуқтаҳо танҳо ангишт харидорӣ намоянд.