Отамбоевро озод мекунанд? Иттиҳоми ӯ аз рӯи ду парванда лағв шуд

Ҳабси кишвардори пешини Қирғизистон аз рӯи ду парванда лағв шуд ва 22 декабр Додгоҳи Олӣ шикояти вакилони ӯро баррасӣ мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Иттиҳомоти раисҷумҳури пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев аз рӯи ду парванда такзиб шуданд, хабар медиҳад котиботи додгоҳи ноҳияи Якуми Май.
Бинобар хабари манбаъ, парвандаи сохтмони мактаб дар маҳаллаи Қалис-Орда ва ғайриқонунӣ додани шиноснома ба шаҳрвандони Туркия аз масоиле ҳастанд, ки раисҷумҳури асбақ дар он муттаҳам мешуд.
Маҳз аз рӯи ин ду ҳолат чораҳои пешакӣ бар асоси Кодекси ҷиноии нав тағйир дода шуданд, чун муттаҳам наметавонад дар боздошт беш аз сол нигоҳ дошта шавад.
Ҳукми лағвшудаи Отамбоев боз эътибор пайдо кард
Вакили мудофеи Отамбоев Замир Ҷошев мегӯяд, Отамбоев дар сурате ба озодӣ мебарояд, ки Додгоҳи Олӣ даст доштани ӯро дар парвандаи ҷинояткори ашадӣ Азизи Батукаев лағв кунад.
Номбурда ёдовар шуд, ки 12 октябр Додгоҳи Олӣ бо дархости Додситонии кулл ҳукми Отамбоевро дар ин парванда эҳё кард.
Ҳамин тариқ суд қарорашро, ки моҳи ноябри соли 2020 дар бораи бекор кардани ҳукми судҳои поёнӣ қабул карда буд, бекор кард. Сипас Додгоҳи Олӣ парвандаро барои баррасии нав ба додгоҳи ноҳияи Якуми Май фиристод.

"Фардо онҳо боз шикояти соли гузаштаи моро баррасӣ хоҳанд кард. Агар коллегияи Додгоҳи Олӣ тарафи ҳимояро гирад, ҳукм метавонад дубора лағв шавад. Дар ин маврид Отамбоев на ҳамчун маҳкумшуда, балки муттаҳам мешавад", - тавзеҳ дод Ҷошев.

Дар идома вакили дифоъ изҳор дошт, ки дар ҳодисаҳои дигар, аз қабили ҳодисаҳои Қой-Тош ва фасод дар қонунигардонии даромадҳои ҷиноӣ ягон чораи пешгирикунанда татбиқ нашудааст. Дар парвандаи Батукаев Отамбоев ба 11 солу ду моҳ зиндон маҳкум шуда буд.