ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми соланаи худ ба парлумони кишвар аз вазъи коронавирус дар ҷумҳурӣ гуфт.
Ба гуфтаи роҳбари давлат, агарчи ҳоло ин маризӣ дар Тоҷикистон нест, вале мардум набояд фориғбол шаванд.
Эмомалӣ Раҳмон тамоми сохтору идораҳои давлатиро барои роҳ надодани вирус ба қаламрави ҷумҳурӣ ба ҳушёрӣ даъват ва аз мардум талаб кард, ки нисбати саломатии худ ва атрофиён бепарвоӣ зоҳир накунанд.
Роҳбари давлат таъкид намуд, шаҳрвандон ва меҳмононе, ки аз хориҷ вориди Тоҷикистон мешаванд, бояд зери назорат гирифта шаванд.
Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки ҷараёни моякӯбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон хуб ба роҳ монда шудааст ва ҳоло 60 дарсади шаҳрвандон аллакай ваксина гирифтаанд.
Ҳамчунин кишвардор пешниҳод намуд, ки олимони тоҷик бояд худ кӯшиш намоянд, то алайҳи ин беморӣ давою дармон пайдо кунанд.