ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар паёми солонааш ба парлумон ин иқдомро дар пайи зиёдшавии аҳолии кишвар ҳатмӣ хонд.
"Яъне минбаъд дар марказҳои шаҳру ноҳия ва шаҳракҳо танҳо бунёди манзилҳои баландошёна шавад. Зеро аҳолӣ зиёд мешавад ва мо наметавонем он заминҳои кишоварзиро пурра барои сохмон диҳем", - гуфт раисҷумҳури кишвар.
Ба гуфтаи президент, соли 2021 дар ҳаҷми 12, 2 миллард сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро шудааст, ки нисбат ба соли 2020 20 дарсад зиёд мебошад ва ҳамзамон дар ин муддат 1,2 миллион метри квадратӣ ба истифода дода шудааст.
Президент Кумитаи меъморӣ ва сохтмону дигар ниҳодҳои зирабтро вазифадор кард, ки сохтмонҳоро бо риояи қоидаҳои ҷорӣ ва бо назардошти фарҳанги шаҳрсозии миллию масолеҳи хушсифат ба роҳ монанд.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар даврони истиқлоли Тоҷикистон барои бунёди биноҳои истиқоматӣ, ки ҳаққи 1 миллиону 400 ҳазор оила аст, 138 ҳазор гектар замин ҷудо шудааст.
Ба гуфтаи раҳбари Тоҷикистон, бо ин роҳ беш аз 8 миллиону 800 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон имкони беҳтар кардани шароити зиндагии худро пайдо карданд.
Раҳмон ёдовар шуд, ки 70 сол қабл аз истиқлол барои аҳолӣ ҳамагӣ 77 ҳазор гектар замин ҷудо шуда буд.
Сарвари кишвар ҳамчунин гуфт, "дар соли 2022 ҷамъияти Тоҷикистон ба 10 миллион нафар ва то соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад".
Ӯ супориш дод, ки дар панҷ соли оянда беш аз 500 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шавад.
Ёдовар мешавем, ки дар паёми солонаи худ сарвари давлати Тоҷикистон натоиҷи соли гузаштаро ҷамъбаст намуда, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишварро барои соли оянда баён мекунад.