ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Баргузор намудани муҳокимаи парлумонӣ дар бораи иҷрои Қонуни пешгирии зӯроварӣ дар оила аз мавзуъҳои меҳварии ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати Маҳмадтоир Зокирзода буд.
Ба иттилои дафтари матбуотии палатаи поёнии парлумон, вакилон Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023-ро баррасӣ карданд.
Манбаъ афзуд, Сумангул Тағойзода, раиси Кумитаи масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагон изҳор дошт, ки зӯроварӣ дар оила яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистони муосир мебошад.
"Тоҷикистон вобаста ба пешгирӣ ва бартараф намудани зӯроварӣ дар оила дар сатҳи қонунгузории миллӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида, вобаста ба он як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намудааст", - изҳор дошт Тағойзода.
Ӯ аз ҷумла Қонун "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила"-ро мисол овард, ки соли 2013 қабул гардидааст. Таъкид шудааст, ки ин санад масъалаҳои марбути ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабабу шароити мусоидаткунанда ба зӯровариро муайян мекунад.
Ба гуфтаи вакил, сиёсати давлатӣ ба пешгирии зӯроварӣ дар оила равона шуда, ҳадаф аз он ташаккули вазъи тоқатнопазирии ҷомеа нисбат ба зӯроварӣ дар оила мебошад. Инчунин масъалаҳои калидди дигар, ба гуфтаи Тағойзода, ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабабу шароити ба зӯроварӣ мусоидаткунанда мебошад. Вакил таъкид намуд, ки барои ҷилавгирӣ аз хушунат дар оила баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд аз омилҳои муҳим мебошанд.