ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон ба афроде, ки зидди коронавирус моякӯбӣ шудаанд, QR-код медиҳанд.
Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти беҳдоштии Вазорати тандурустӣ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, додани QR-кодҳо ба аҳолӣ дар наздиктарин фурсат амалӣ мегардад.
"Ҳоло таҷҳизоти фаннии лозима пурра ворид шудааст ва кор барои фаъол кардани он идома дорад. Ҳамин ки он ба кор омода гашт, додани QR-кодҳоро оғоз мекунем”, - гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.
Ба иттилои манбаъ, QR-кодҳо мисли дигар кишварҳо дар асоси пешниҳоди шаҳодатномаҳои ваксинагирӣ дода мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, дар асоси созишномаҳои марбута, QR-кодҳое, ки дар Тоҷикистон дода мешаванд, дар дигар кишварҳо, аз ҷумла ИДМ ба кор мераванд.
Бинобар охирин оморҳои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, беш аз 58,1 дарсади шаҳрвандони ҷумҳурӣ зидди бемории коронавирус моякубӣ шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, дар Тоҷикистон 3 миллиону 386 ҳазору 686 нафар бар зидди COVID-19 ваксина гирифтааст.
Ин 58,1 фоизи аҳолии калонсол (боло аз 18-сола)-и кишварро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, вояи дуюмро то кунун 2 миллиону 754 ҳазору 739 нафар аз шаҳрвандони кишвар, яъне 47,3%-и аҳолии калонсол дарёфт кардааст.
Дар Тоҷикистон, тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявии пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус, ки аз 3 июли соли ҷорӣ нашр шуд, эмгузаронии зидди COVID-19 барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад.
То кунун дар чаҳорчӯби механизми COVAX ва дар шакли кумаки башардӯстона ба кишвар тақрибан нуҳ миллион вояи ваксинаи зидди коронавирус ворид шудааст.
Ҳангоми эмкунии аҳолӣ бар зидди COVID-19 аз ваксинаҳои "CoronaVac", "AstraZeneca", "Pfizer", "Moderna" ва "Sputnik V" истифода мешавад.