ДУШАНБЕ, 20 дек – Sputnik. Музаффар Раҳимхӯҷаев, директори КВД "Нақлиёти мусофиркашон"-и Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мушкили дастраскунии маводи сӯхт (солярка) ҳал ва ҳаракати автобусҳо дубора барқарор гардид.
Ӯ гуфт, аз рӯзи гузашта ҳудуди 30 автобус дар хатсайрҳои шаҳрӣ ва байнишаҳрӣ ба кор баромадаанд.
"Аз рӯзи гузашта сар карда, ҳаракати автобусҳоро барқарор намудем. Панҷ рӯз пеш бо сабаби мушкили дастрас набудани сӯзишвории мавсимӣ ҳаракати автобусҳо қатъ шуда буд. Ҳоло ин мушкил пурра бартараф шуд” - афзуд Раҳимхӯҷаев.
Мушкили қатъшавии ҳаракати автобусҳои мусофирбарро чанд рӯз аксари расонаҳои хабарӣ инъикос намуда буданд. Ин мавзуъ ҳатто дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла "Facebook" миёни корбарон баҳсҳои зиёдеро ба вуҷуд оварда буд.
Сокинони Хуҷанд мегӯянд, дубора фаъол шудани ҳаракати автобусҳо мушкили мусофирбарӣ дар шаҳрро то андазае коҳиш медиҳад.
Дар шаҳри Хуҷанд ҳудуди 10 сол ба ин тараф ба далели куҳнаву фарсуда шудани хатҳои электрикӣ ва ҳам ин навъ нақлиёти мусофирбарӣ ҳаракати тролейбусҳо қатъ шудааст. Баъд аз таваққуфи чандсола, соли 2018 дар ин шаҳри шимоли Тоҷикистон автобусҳои нав дар хидмати сокинон қарор гирифтанд.
Аммо бо гузашти чанд муддат кори автобусҳои нав ҳам ба мушкил печид ва чанд рӯз ба далели таъмини маводи сӯхт ва гоҳе ҳам ба сабабҳои камбуди қисмҳои эҳтиётӣ ё ҳатто аз норасоии ронандаҳои касбӣ мушкилоте дар соҳаи мусофирбарӣ ба вуҷуд омадааст.
Ин дар ҳолест, ки се сол қабл барои татбиқи лоиҳаи "Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ" Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба идораи "Нақлиёти мусофиркашон"-и шаҳри Хуҷанд 26 миллион доллар қарзи даҳсола ҷудо карда буд. Аз ин ҳисоб 17, 5 миллион доллар қарз ва 8, 5 миллион доллари дигар қарзи бебозгашт (грант) гуфта мешавад. Корхонаи "Нақлиёти мусофиркашон" дар Хуҷанд аз ҳисоби ин қарзи бонкӣ дар соли 2018 100 адад автобуси тамғаи ЛИАЗ 4292 ва ЛИАЗ 5292-ро аз Федератсияи Русия ворид кард ва ҳаракати ин навъ нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хуҷанд ва навоҳии атрофи онро роҳандозӣ намуд.
Корхонаи "Нақлиёти мусофиркашон" то имрӯз шаш марҳилаи пардохти қарзи хариди автобусҳоро сипарӣ намуда, беш аз 4,3 миллион доллар аз 17, 5 миллионро пардохт кардааст. Масъулони он мегӯянд, аз 25 декабр автобусҳо дар хатсайрҳои байнишаҳрӣ то ба 50 адад расонида мешаванд.